image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғи Алишери Навоӣ

date_range02.06.2023, 15:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Дар баробари дигар ноҳияҳои пойтахт, масъулини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳам ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши ноҳиявиро ташкил намуданд. Ин чорабинӣ дар боғи Алишер Навоии ноҳия созмон дода шуд.

Ҳамасола ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои мухталифи шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд. Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур таҷлили бошукӯҳи ин сана ва таъмини истироҳату фароғати кӯдакон, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар ноҳияи Шоҳмансур низ ба ин муносибат чорабинии идона ташкил гардид.

Намоиши бошукуҳи фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Ҷойи таъкид аст, ки ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳри Душанбе нисбат ба кӯдакону наврасон пайваста аст ва масъулин бо истифодаи шароти муҳайё гардида машғулиятҳои таълимиро дар мактабу кӯдакистонҳо хуб ба роҳ мемонанд. Ташкил ва баргузор намудани чунин тадбирҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва огоҳии бештари онҳо аз ҳуқуқҳояшон замина мегузорад. Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ намояндагон аз МИҲД-и н.Шоҳмансур, масъулини сохторҳои ноҳиявӣ, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд.

Зимни баромади худ, масъулини ноҳияи Шоҳмансур доир ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, шароити фароҳамгашта барои таҳсили онҳо суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки бо бунёди муассисаҳои нави томактабӣ ва марказҳои хизматрасониву тавонбахшӣ, майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия шароити иҷтимоии кӯдакону наврасон дар баробари дигар навоҳии пойтахт дар ноҳияи Шоҳмансур низ беҳтар гардидааст.

Ҳамзамон номбурда зимни баромади худ афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву санадҳои дахлдор қабул ва дар амал татбиқ гардидааст, ки кафили ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон мебошад. Ин сана аз соли 1949 бо Қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон ташкил ёфта, аз соли 1950 инҷониб дар 51 кишвари ҷаҳон қайд карда мешавад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ бо баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ ин санаро таҷлил менамояд. Ҳамзамон ба таълимгирандагони муассисаҳои томактабии пойтахт аз тарафи МИҲД-и н.Шоҳмансур туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"