Дар «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид
Масъулину кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе таҳти унвон «Кӯдакон сарвати бебаҳои миллат» чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро доир намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баҳри болидахотирии кӯдакон воситаҳои гуногуни дилхушкунада гузошта шуда буд, ки дар онҳо кӯдакони ин марказ хушҳолӣ мекарданд.
Сипас дар чорабинии навбатӣ масъулини ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идома баҳри хушҳолии кӯдакон аз ҷониби сохторҳои болозикр туҳфаҳои хотиравӣ, ки иборат аз сарулибоси тобистона буданд тақдим карда шуданд. Инчунин чорабинии зебои фарҳангиеро дустрӯякони ин боргоҳ ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ