image

Ҷамъбаст ва қадрдонии озмуни «Илм фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range06.06.2023, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар мукофотпулиҳо сарфароз гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки аз ноҳияи Фирдавсӣ ба даври шаҳрии озмун 120 нафар роҳхат ёфтанд.

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуривии дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба марҳилаи ниҳодии худ мерасад. Ин навбат дар ноҳияи Фирдавсӣ озмун ҷамъбаст гардида, маросими қадрдонӣ баргузор шуд. Ин тадбири ҳавасмандгардонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори МТМУ №72 доир гардид. Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир гардид.

Ҳаминтариқ дар раванди чорабинӣ ғолибони ҳамаи номинатсияҳои озмун қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи таъкид аст, дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи илм дар алоҳидагӣ ширкат намуданд ва дар натиҷа ғолибони ҳамаи бахшҳо бо туҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ қадр гардиданд. Дар маҷмуъ 120 нафар ғолиби озмун ва 65 омӯзгор дар соҳиби ифтихорнома ва туҳфа гардиданд.

Зимни қадрдонии ғолибону фаъолон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Дшунабе афзуданд, ки ба даври шаҳрӣ омодагии ҷиддӣ бинандад. Гуфта шуд, ки тибқи талаботи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Аз ин рӯ ин талабот бори дигар таъкид шуд ва аз ширкатдорон тақозо гардид, ки барои сабқкат дар даври шаҳрӣ хуб омода шаванд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"