image

Оғози даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range06.06.2023, 11:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye225

Дар асоси нақшачорабиниҳои мавҷуда дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Озмун дар ноҳияи Шоҳмансур дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Давоми панҷ сол аст, ки дар кишвар бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Озмун дар сатҳи зарурӣ дар мамлакат ташкилу роҳандозӣ гардида, ҳоло даври ноҳиявии он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён дорад.

Зимни баромади намояндаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур гуфта шуд, ки Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст.

Ҳаминтариқ бо пешниҳоди маҳорату истеъдоди худ яке пайи дигар довталабон баромад намуданд. Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Дар ҷараёни озмун доварон аз сохтору мақомоти марбута ва устодони варзидаи соҳа санъат ба маҳорати навозандагиву сарояндагии ширкатдорони озмун баҳогузорӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки беҳтаринҳо ва ғолибони даври ноҳиявӣ ба даврҳои минбаъдаи он пешбарӣ мегарданд. Иштирокчиёни озмун дар жанрҳои гуногун ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Аз рӯйи талабот озмун дар се давр – ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ доир гардида, дар даври ноҳиявӣ он дар ноҳияи Шоҳмансур 126 нафар иштирок доранд. Иштирокчиён дар панҷ номинатсия - композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн миёни ҳам сабқат менамоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"