Ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе»
Дар шаҳри Душанбе баъд аз хулосабарории ҳайати ҳакамон даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе», ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит барои ба вуҷуд овардани ҳавасмандии онҳо ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣ дар шаҳри Душанбе тайи чандест, ки озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» доир гардида истодааст. Баъд аз хулосабарории ҳайати ҳакамон инак даврии шаҳрии озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдониӣ шуданд.
Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, аъзои гуруҳи корӣ, хакамон ва масъулонину роҳбарони тарабхонаҳо иштирок ва суханрони намуда, ба ҳар як иштирокчии озмун баҳри иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» миннатдорӣ намуданд. Аъзои ҳакамон аз рӯи 5 намуди талабот аз он ҷумла “Беҳтарин тарабхона”, “Беҳтарин ошпаз”, “Беҳтарин пешхизмат”, “Беҳтарин менеҷер” ва “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ба иштирокдорон баҳогузорӣ карданд.
Тавре маълум гардид, аз ноҳияҳои пойтахт чор тарабхона ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд, ки баъд аз хулосабарории ҳайати ҳакамон Тарабхонаи “Бухоро” аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар номинатсия Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе бо риояи тамоми талаботҳои низомномаи озмун ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуда, бо диплом, сипоснома ва ҷоми озмун қадрдонӣ карда шуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ