Тавсияҳо доир ба пешгирии ғарқшавӣ
Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 40 дараҷа боло меравад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои баландкӯҳ ба обшавии барф, пиряхҳо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки ин метавонад сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳо гардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо хоҳиш менамояд, ки махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор будан ва дар назди дарёҳо, каналҳо, хавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад.
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакон ва калонсолон бояд як қатор қоидаҳои оддиро қатъиян риоя кунанд. Масалан, пас аз 1,5 — 2 соати истеъмоли ғизо шино кардан мумкин аст, оббозӣ кардан дар оби кушод дар ҳарорати оби аз +15 дараҷа паст тавсия дода намешавад, зеро аз зарбаи оби хунук аз ҳушравӣ ё марг имконпазир аст. Аксар вақт дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм будани бадан пеш аз шиноварӣ якбора ба оби хунук даромадан ба ҳолати беҳушӣ оварда мерасонад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ