image

Баррасии мавзӯи «Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллии муқовимат бо коррупсия» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

date_range08.06.2023, 15:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

Дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллии муқовимат бо коррупсия» мулоқоти кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо устодону кормандони ин боргоҳи илму маърифат доир гардид.

Тайи чанд муддат мешавад, ки масъулину кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе байни кормандони кумитаву сохторҳои давлатӣ, Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқоту воҳӯриҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Вохӯрии кормандони ин ниҳоди давлатӣ ин навбат бо устодону кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои мусоидаткунанда дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар байни кормандону масъулини ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахуст доир ба дастовардҳои солҳои охири кишвар андешаронӣ сурат гирифта, аз устодон даъват бамал оварданд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Инчунин таъкид шуд, ки дар самти пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия низ дар доираи иҷрои барномаву стратегияҳои амалкунанда ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"