image

Кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ба истироҳатгоҳи «Зимчуруд» сафарбар гардиданд

date_range13.06.2023, 15:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye330

Беш аз 10 ҳазор кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии 4 ноҳияи пойтахт 11 рӯз ройгон истироҳат карда метавонанд. Аз назди бинои шуъбаи маорифи н.Шоҳмансури пойтахт 200 нафар насли наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ «Зимчуруд» барои басти аввал гусел карда шуданд. Тибқи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе соли равон барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароит дар майдончаҳои солимгардонии назди мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмуъ дар 4 баст, тибқи қарори шаҳрдори Душанбе 10 ҳазору 352 кудакону наврасон- 4 ҳазору 192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6 ҳазору 160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Гуфта мешавад, ки ин истироҳат аз 12 июн то 16 августи соли 2023 давом мекунад ва он 11 рӯзи муқарраргардида бояд дар ин муддат бошад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"