Ҳамоиш доир ба Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони адлия
27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад.
Ба ин муносибат дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияту устодон ва дигар коршиносон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ-асоси инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуд, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд-қайд шуда дар идомаи ҳамоиш.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ