Мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе бо масъулини ширкати 3333
Қабл аз оғози мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳаи нақлиёт Фирдавс Саидзода ва намояндагони сохторҳои шаҳрӣ аз якчанд тамғаҳои нави нақлиётҳои барқӣ, ки тоза аз ҷониби ширкатҳои “Сайёҳон” ва “Сабоҳ-таксӣ” ворид карда шудаанд, шинос шуданд. Бояд зикр намуд, ки нақлиёти барқӣ бартарии зиёд дошта равнақ бахшидани соҳаи мазкур амри саривақтӣ мебошад. Сипас дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” бо ронандагону масъулони ширкати зикрёфта мулоқот доир карда шуд.
Масъулин ронандагонро барои хизматрасонии босифат даъват карда, иброз доштанд, ки ҳар як ронанда бо масъулияти баланд, дар самти тозагии таксиҳо ва сару либоси ронандагиву одоби дурусти муашират тавваҷҷуҳи бештарро равона намоянд. Зеро ронандагони таксӣ муаррифгари фарҳангу маданият ва симои шаҳри Душанбе мебошанд. Ҳамзамон оид ба то соли 2026 пурра гузаштани таксӣ ба нақлиёти барқӣ аз ҷониби ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ дар пойтахт зикр ёфта зикр шуд, ки он дар асоси консепсияи рушди соҳаи нақлиёти барқӣ татбиқ карда мешавад.
Дар идома сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шаҳри Душанбе низ сухан карда аз фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт натиҷагирӣ карда роҷе ба роҳ додан ба қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандагони таксӣ маълумот пешниҳод намуд.
Бо инобати дар амал татбиқ намудани нақшаву барномаҳои мукаммали соҳавӣ тадриҷан вазъи хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе беҳтар гардида, фаъолияти корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ низ тақвият ёфта истодааст. Дар охири мулоқот миёни масъулони гурӯҳи корӣ ва ронандагон саволу ҷавоб сурат гирифта ронандагон ба тамоми саволҳои худ посух гирифтанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ