image

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии илмӣ-назариявӣ доир гардид

date_range16.06.2023, 14:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъмоади илмӣ баргузор гардид, ки иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун аз ҷумла, Ваҳдат омили муҳими рушди давлатдорӣ, нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлоляити давлатӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол маърӯза карданд.

Зимни суханронии иштирокдорон таъкид карда шуд, ки воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Ваҳдат нишонаи оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Гуфта шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як нафари мо азизу муқаддас аст.

Дар идома иштирокдорон таъкид намуданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон беҳамто ва беназир унвон мегардад. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, ки боиси ифтихори ҳар як сокини бо нангу номуси ин сарзамин мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"