Ифтитоҳи хобгоҳ ва студияи таълимии телевизион ва радио факултаи журналистикаи ДМТ
Рӯзи 17-уми июн бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масуълин дар кӯчаи Нахимови ноҳияи Сино бинои хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри устодону кормандон баъд аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамзамон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи факултети журналистика студияи таълимии телевизион ва радио ифтитоҳ ёфт.
Дар доираи ҳамкориҳо бо мусоидати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ ва устодону донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика ба истифода дода шуд.
Зимни суханронӣ иштирокчиён студияи таълимии мазкурро дар самти пешбурди фаъолияти донишгоҳ муҳим маънидод карданд. Бояд қайд намуд, ки то ин замон барномаҳои телевизионии шогирдони факултет бо усули классикӣ танҳо дар чанд бинои донишгоҳ намоиш дода мешуд.
Қобили қайд аст, ки студияи таълимӣ, қабл аз ҳама, воҳиди таълимиест, ки дар омодасозии касбии кадрҳо дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ дар ихтисосҳои журналистика, реклама ва робита бо ҷомеа саҳми муассир дорад.
Дар студияи таълимӣ як қисми машғулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали таълимӣ гузаронда мешавад. Дар зимн гуфта шуд, ки студияи таълимии телевизион ва радио на танҳо барои устодону шогирдони факултети журналистика, балки барои садорати факултетҳо ва коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун минбари андеша хидмат менамояд. Қобили қайд аст, ки акнун донишҷӯёну устодони факултет машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ, таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд, ки ба касбошноӣ ва сатҳи баланди касбияти рӯзноманигорони оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар идома иштирокчиён ва меҳмонон бо устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Гуфта шуд, ки студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон, синфхонаҳои компютериву лингафонӣ ва тахтаҳои электронӣ дар ихтиёри донишҷӯён карор дода шуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо аксари нашрияву маҷалла ва нашриётҳои марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки 19 марти соли 2021 бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи нави ҳамкорӣ миёни Кумита ва ДМТ ба имзо расид. Дар асоси ин Шартнома гузаронидани таҷрибаомӯзиву машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети журналистика (тахассуси радио ва телевизион) дар заминаи радио ва телевизионҳои назди Кумита ба роҳ монда шуда, барои донишҷӯён вақти эфир дар шабакаҳои радиову телевизион дода мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ