image

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-эҳёгари ояндаи давлатдории мост» дар н.Шоҳмансур

date_range19.06.2023, 13:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye186

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомои иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Шоҳмансур конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-эҳёгари ояндаи давлатдории мост» бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар конференсия, ки дар толори Вазорати нақлиёт гузаронида шуд, намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе, МИҲД н.Шоҳмансур, КИ ҲХДТ дар ноҳия, Прокуратураи ноҳия, Суди ноҳия ва комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Ваҳдат нишонаи оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ваҳдати миллӣ ва масъулияти ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва дигар масъалаҳои таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа баромад намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"