ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ-ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ
Дар толори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масуълину кормандони корхона бахшида ба солгарди навбатии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот доир шуд. Қайд шуд, ки Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад.
Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад. Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, сардори раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ Олимзода Сафар ва роҳбарияту кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” иштирок намуданд.
Зикр ёфт, ки Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон неъмати волост. Воқеан ҳам, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Пеш аз ҳама, ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати мо шуд. Ин Созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бераҳмонаи бародаркуш давом мекард ва худ рӯи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд-қайд шуд дар идомаи мулоқот аз ҷониби маърузачиён. Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуд, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлату соҳибмиллатанд. Ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷаҳониён мактаби эътимодбахшу тақдирсоз аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳи осоишта, яъне музокира ҳаллу фасли низоъро ба хубӣ нишон дод.
Омӯзиши ин мактаби бузург барои пойдории сулҳу оромӣ хеле муҳим аст-изҳор гашт дар идмоаи мулоқот. Имрӯз вақте мо аз ваҳдат сухан мегӯем, пеши назар симои меъмори он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мешавад. Мояи ифтихор аст, ки бо талошҳои пайвастаи фарзанди сарсупурдаву ҷонфидои Ватан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ дар ҷомеа устувор гардид, тӯли 26 соли баъди ба даст овардани он азамати шаҳру деҳоти Тоҷикистон боз ҳам боло рафт, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам қавитар намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ