Ҳамоиши маърифатӣ дар мавзӯи “Арзишҳо ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ” бо кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе
Дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии пойтахт ҳамоиши маърифатӣ дар мавзӯи “Арзишҳо ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ” бо кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҳамоиши маърифатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Нависандаи Халқии Тоҷикистон-иштирокчии иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур-иштирокчии иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимҷон Фозилов ва кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода кормандони соҳаи нақлиёти пойтахтро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт ва меҳмононро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда зикр намуд, ки дарвоқеъ Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷашнҳои муҳими кишварамон маҳсуб ёфта, Рӯзи тантанаи адолат дар сарзаминамон мебошад.
Дар идома Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам баромад баромад намуда роҷе ба даврони оғози соҳибистиқлолии кишвар ва кашмакашиву нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас шуда, аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба дастовардани Ваҳдати миллӣ таъкид намуд. Таъкид шуд, ки роҳбари кишвар тавонистанд, ки мамлакатро сарҷамъ ва кишварро ба самти нави тараққиёти худ роҳнамоӣ кунанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ роҷе ба таъмини сулҳу Ваҳдати комил дар кишвар ва ободкориҳои рӯзафзуни кишварамон, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овадааст, ёдовар шуд. Зимнан гуфта шуд, ки тайи 26 сол аст, ки сокинони кишвар зери сулҳу оромии комил ба сар мебранд.
Дар идома ширкатдорони дигари чорабинӣ низ баромад намуда, арзиши сулҳу ваҳдати милиро неъмати воло донистанд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ сипоснамву ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе супорида шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ