image

«Ваҳдати миллӣ-омили рушду босуботии кишвар». Баргузории мизи мудаввар дар н.Фирдавсӣ

date_range20.06.2023, 11:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye315

Дар МТМУ №76 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ чорабинӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ-омили рушду босуботии кишвар» баргузор шуд.

Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти арзиши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пайваста ҳамоишҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад. Дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти навбатӣ дар толори МТМУ №76 гузаронида шуд. Дар он намояндагони сохтору мақомоти марбута бо сокинон мулоқот намуданд. Зимни баромади ширкатдорон гуфта шуд, ки сулҳу ваҳдат аз ҷумлаи арзишҳои беназир ва меҳавриест, ки ҳоло дар фазои он мардуми тоҷик кору фаъолият ва зиндагӣ менамоянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ чунин арзише мебошад, ки он дар натиҷаи ризоияти миллӣ ба даст омадааст ва он ба бунёд ва рушди тамоми унсурҳои ҷомеа ва давлат такя менамояд.

Зимни баромад масъулин бо пешниҳоди далелҳои мушаххас дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро байн намуданд ва ширкатдорон даъват намуданд, ки барои пойдории он саҳми худро гузоранд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"