image

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо намояндагони муассисаҳои тандурустии пойтахт

date_range20.06.2023, 15:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” чорабинии идона баргузор гардид. Дар кори ҷамъомад сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарон ва доираи васеъи намояндагони муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат ширкат намуданд. Ширкатдорон зимни баромади худ ин ҷашни муқаддасро санаи сарнавиштсоз барои давлату миллат ва ҷомеаи тоҷик хонд.

Дар кори чоранибӣ зикр шуд, ки 27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Дар идома гуфта шуд, ки дар баробари самтҳои дигар баъди ба даст овардани ваҳдати комил дар кишвари мо соҳаи тандурустӣ низ рушд намуда, ба пешравиҳои қобили мулоҳиза ноил гардид. Ҳоло дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди муассисаҳои тандурустӣ бо фарогирии бахшҳои ташхисиву табобатӣ амал менамоянд ва ба сокинон хизмати тиббиву иҷтимоӣ мерасонанд.

Дар идомаи баромади ширкатдорони чорабинӣ зикр шуд, ки сулҳу ваҳдати аз ҷумлаи арзишҳои беназир ва меҳавриест, ки ҳоло дар фазои он мардуми тоҷик кору фаъолият ва зиндагӣ менамоянд. Маҳз бо талоши пайвастаи Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба Ваҳдат расид ва ҳоло дар фазои он бо хурсандӣ сокинон кору фаъолият доранд.

Саодат Тоирӣ