image

Ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

date_range20.06.2023, 15:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Ташкили чорабиниҳои маърифатӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сохтору мақомоти гуногун ба ҳукми анъана даромадааст. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин навбат ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи муштарак намояндагон Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, олимон ва муҳаққиқон иштирок намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ташкилоту идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо фаъолияти худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва тарғиб намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораву тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Илова бар ин аъзои Кумитаи иҷроия, Шурои кӯхансолон ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ваҳдат» хабару мақолаҳои муҳимро дар мавзӯҳои Истиқлоли давлатӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани пояҳои давлатдорӣ, сулҳу суббот ва ҳифзи давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму экстремизм ба нашр расондаанд.

Дар раванди ҳамоиш ҳамзамон дигар масъалаҳои фаъолияти ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ширкатдорон қарор гирифт. «Нақшаи Пешови миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» аз ҷумлаи мавзӯҳои асосии кори ин ҳамош буд. Таърих нишон медиҳад, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон рушди давлатдорӣ, инкишофи илму маърифат ва расидан ба ҳадафҳои олии миллиро дар ҷомеа таъмин месозад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"