image

Рӯнамоии дастгоҳу таҷҳизоти телевизионӣ дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

date_range21.06.2023, 10:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye277

20 июни соли равон дар «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телевизиони Душанбе» дастгоҳу таҷҳизоти телевизионии истеҳсоли ширкатҳои «LIVEU», «BROADCAST SOLUTION» ва «PROFI TOP» рӯнамоӣ карда шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони техникии шабакаҳои телевизионии кишвар иштирок намуда, оид ба таҷҳизоти муосири соҳа маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Дар толори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ аз раванди рушди техникаву таҷҳизоти соҳаи телевизион бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Телевизиони Душанбе» рӯнамоии дастгоҳу таҷҳизоти телевизионии истеҳсоли ширкатҳои «LIVEU»-и Федератсияи Россия, «BROADCAST SOLUTION» - Олмон ва «PROFI TOP»-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ширкати Broadcast Solutions ба истеҳсоли студияҳои сайёри телевизионӣ машғул мебошад. Тавре масъулини ширкат зимни рунамоӣ иттилоъ доданд, маҷмӯи таҷҳизоти истеҳсолии мобилии ширкати Broadcast Solutions ҳама барномаҳоро дар бар мегирад, аз микроавтобусҳои хурди сайёр бо чор камера то дастгоҳҳои бузурги мобилӣ бо 30 ё зиёда камераҳое, ки бузургтарин чорабиниҳоро сабт ва ба таври мустақим пахш менамояд. Студияҳои сайёри телевизионии ширкат ҷавобгӯи талаботи имрӯза буда, он мувофиқ ба хоҳиш ва дархости фармоишгар омода мегарданд.

Ширкати Broadcast Solutions чунин студияҳои сайёрро барои телевизионҳои кившарҳои гуногун, аз ҷумла Финландия, Беглия, Белоруссия ва дигар кишварҳо омода намудааст.

Дар ҷараёни рӯнамоӣ масъулини ширкатҳои «LIVEU» ва «PROFI TOP» низ атрофи фаъоляити соҳавии худ ва вазифаҳои асосии ширкатҳо дар самти рушди соҳаи телевизион маълумотҳо пешниҳод намуданд. Гуфта шуд, ки таҷҳизоти ширкат асосан барои инъикоси чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ, сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои фаврӣ ба таври мустақим хизмат мерасонад. Ин навъи таҷҳизот ҳам дар дохили студияи телевизион ва ҳам берун аз он зимни чорабиниҳои гуногун истифода карда мешавад. Асри 21 асри илму техника ба ҳисоб меравад ва истифода аз чунин таҷҳизот барои саривақт инъикос намудани дилхоҳ чорабиниҳо замина мусоид фароҳам месозад. Роҳбарияти Телевизиони Душанбе ба масъулини ширкатҳои «LIVEU», «BROADCAST SOLUTION» ва «PROFI TOP» баҳри баёни маълумотҳои зарурӣ дар самти рушди соҳаи телевзион ва насли нави технологияи муосири ин соҳа миннатдорӣ намуданд. Зикр шуд, ки чунин чорабиниҳо ба хотири сайқали малакаву истеъдоди техникии кормандон ва дар сатҳи хуб сабт ва инъикоси чорабиниҳои гуногунсатҳ дар қаламрави кишвар заминаи хеле мусоид фароҳам менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"