Иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи номлавҳаҳо
Баҳри дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои ҷойгиркунии номлавҳаҳо ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе ва замимаи графикии он Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13-юми майи соли 2019 таҳти №17 ба тавсиб расидааст.
Тайи солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон ба як шаҳри зебову дидан мубаддал гардидааст. Ба замми ин қадар зебогиҳо ҳастанд нафароне, ки бо фаъолият намудан хилофи талаботҳои шаҳрдорӣ ҳусни пойтахтро коста мегардонанд.
Дар доираи корҳои ободонию бартарафнамоии шиору овезаҳое, ки хилофи талабот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мебошанд ин навбат дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷойгиркунии номлавҳаҳо ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе масъулину кормандони Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороишот”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо масъулину кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳри рейди муштаракро доир намуданд.
Зимни баргузории рейди мазкур ҳозирин назди биноҳои шаҳраки 33-ро, ки шиору овезаҳои гуногун дар деворҳо насб карда шудаанд ва аксаран куҳнаву валангор гардида буданд бартараф карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ