image

“Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”. Зери ин унвон ҳамоиши КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гардид

date_range22.06.2023, 10:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Точикистон дар шаҳри Душанбе дар Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" бахшида ба 26-солагии Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ" баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Меликзод, шоири халкии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, аъзои Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, роҳбарони сохторҳои ҳизбии пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони васитаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд.

Масъулин иброз доштанд, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон дар меҳвари барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ қарор дошта, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули Фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии "Тоҷикистони озоду соҳибистиклол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо" саъю талош менамояд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои дурбинона ва талошҳои бесобиқаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозию давлатдорӣ Ваҳдати миллӣ пойдор буда, инак, 26 сол аст, ки дар саросари кишвар, 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиш аъзои фаъоли ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"