image

Дар шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳои аккредитатсияи барномавии байналмилалии ДМТ баргузор гардид

date_range22.06.2023, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Дар оғози маросими расмии супоридани шаҳодатномаҳои аккредитатсияи барномавии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат Қобилҷон Хушвахтзода баромад намуда, аз таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти рушд ва таҳкими соҳаи маориф, хоса таҳсилоти олӣ ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олӣ ва Стратегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин тадбир гузаштан аз аккредитатсияҳои байналмилалӣ мебошад. Тавре иброз шуд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин ва то ҳол ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад, ки яку якбора чунин шумораи барномаҳои таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронидааст.

Дар маросими расмии супоридани шаҳодатномаҳои аккредитатсияи барномавии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ректорон иштирок намуданд. Иброз шуд, ки аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ дорои афзалиятҳои хос буда, ҳам барои донишгоҳ ва ҳам барои донишҷӯён имконоти зиёдро дар самтҳои гуногуни таълиму таҳсил фароҳам месозанд.

Аккредитатсияи байналмилалӣ ин тартиби арзёбӣ ва эътирофи барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ барои мувофиқат ба меъёрҳо ва талаботи ташкилотҳои байналмилалӣ ё хориҷӣ, ки ба ассотсиатсияҳои байналмилалӣ дохил мешавад, маънидод мегардад. 

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"