image

Баргузории 2-юмин Анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДТТ

date_range22.06.2023, 15:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

Дуюмин Анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами глаукома дар Тоҷикистон» дар се ҷаласаи умумӣ ва ду сексия ҷараён гирифта, дар кори он олимон ва табибони ватанию хориҷӣ оид ба бемориҳои гуногуни чашм табодули афкор карданд.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бемориҳои марбут ба чашм дар миёни сокинони касбу кори гуногун бештар гардида, баргузории ин гуна ҳамоишҳо барои дарёфти роҳу василаҳои табобати он мусоидати зиёд мекунад.

Дар маҷлиси умумии якуми анҷуман намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.

Дар қисмати якуми анҷуман оид ба мавзӯъҳои «Аз анҷуман то анҷуман – дастовардҳои офталмологияи Тоҷикистон», «Ташкил ва рушди хадамоти глаукоматозӣ дар Тоҷикистон» ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин дар идома мавзӯъҳои «Баррасии равандаҳои инноватсионӣ дар ҷарроҳии чашм», «Таърихи кафедраи бемориҳои чашми Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон» ба номи Абӯалӣ ибни Сино муҳокима гардид, ки дар рафти он баромадкунандагон маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Ҳадафи баргузории Анҷумани илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар идомаи Резалутсияи анҷуман қабул шуд. Қабули Резолютсияи Анҷуман барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ватанию ҷаҳонӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"