image

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид

date_range23.06.2023, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye200

Иттифоқи касбаи Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди масъул ҷиҳати ҳифзи меҳнат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Ин навбат дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои генералӣ роҳбарият ва кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони масъули он иштирок намуданд. Зимни баромади худ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода нахуст оид ба арзишҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки Ваҳдат арзишест, ки барои мардуми кишвари мо саодати зиндагӣ овард ва бовариро ба фадои дурахшон қавӣ намуд. Аз ин ҷост, ки солгарди он ҳамасола ба таври хоса таҷлил мегардад.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд. Инчунин зимни баромад гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишвар бештар оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон фаъолияти худро равона намуданд. Имсол бо ташаббуси ин ташкилоти ҷамъиятӣ соли ҳифзи меҳнат эълон шудааст ва ҳадаф аз он ба роҳ мондани меҳнати арзанда ва бехатарӣ дар истеҳсолот мебошад.

Дар ҷаласа инчунин оид ба раванди иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа низ дар идомаи кори он мавриди баҳсу баррасии ширкатдорон қарор гирифт.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"