image

"Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат – роҳнамои мо ҷавонон". Баргузории Конференсияи назариявӣ-амалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

date_range30.06.2023, 14:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат – роҳнамои мо ҷавонон» бахшида ба 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши навбатӣ зери унвони Конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат – роҳнамои мо ҷавонон» баргузор шуд. Дар ҷараёни он намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, муҳаккиқон ва намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронии намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки ҷавонон ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон буда, дар тарбияи насли наврас, пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддин метавонад саҳми боризе гузорад.

Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳ аст», «Ҳисси миллии ватандӯстии ҷавонон-рукни муҳими фарҳанги миллӣ», «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат-роҳнамои мо ҷавонон» баромад намуданд. Зимни баромади ширкатдорон арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ бо мисолҳои мушахас баён гардид.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"