Гусели хонандагон ба истироҳтагоҳи "Коргар-ҷавонон"-и дараи Ромит
Дар асоси иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри истироҳату фароғати кӯдакону нарасон дар таътили тобистона имрӯзҳо дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои истироҳати наврасони кишвар тамоми шароит муҳайё гардида, алҳол истироҳаткунандагонро қабул намуда истодаанд. Баъд аз ҷамъбасти даври аввали истироҳати тобистонаи кӯдакон, ки ҳамасола дар мавсими таътил баргузор мегардад ин набат басти дуюми он оғоз гардид.
Дар басти дуюми лагери истироҳатӣ, ки аз ҳисоби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст 250 нафар кӯдакон аз тамоми манотиқи кишвар ҷалб шуда, ба истироҳатгоҳи берун аз шаҳрии "Коргар-ҷавонон"-и дараи зебоманзари Ромит гусел карда шуданд. Кӯдакону наврасон аз Муассисаҳои таълимии мухталифи кишвар ҷалб гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол барои хушу гуворо гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шароиту имкониятҳои заруриро муҳайё менамояд, то ин ки ояндасозони давлату ҷамъият ҳаматарафа инкишоф ёфта, ҳамчун насли солиму бардам ба камол расанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои масъулин дар Истироҳатгоҳи "Коргар-ҷавонон"-и дараи Ромит соли равон дар 4 баст кӯдакону наврасон фаро гирифта шуда, ба онҳо 4 вақт хӯроки гарми серғизо ва маҳфилҳои мухталифи фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад то насли наврас бо як ҷаҳон таассуроти бою рангин ба хонаҳояшон баргарданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ