Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти шаҳри Конибодом баргузор шуд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳом марудмӣ доир гардид.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом, ки дар Боғи Ирами пойтахт доир шуд, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар саҳни боғ аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки бо санъати баланд оро дода шуда, буд боздид карданд. Ҳунармандони шаҳр бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом иштирок намуда, аз истеъдод ва ҳунари доштаи худ дарак доданд.
Бояд гуфт, ки чорабинии мавриди назар дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар доир мегардад. Доир гаштани чунин чорабиниҳои оммавӣ аз баракати истиқлол буда, сокинону меҳмонони пойтахт бори дигар аз ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ва сокинони шаҳру ноҳияҳои мамалакат аз надик ошно мегарданд. Сокинону истиқоматкунандагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҳунарҳои зиёдро доро мебошанд, ки дар ин рӯз намунаи чанде аз онҳоро пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд. Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони шаҳри Конибодом дар дар Боғи сабзу хуррами Ирам барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Конибодом дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид. Ҳамзамон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом аз истиқболи самимии сокинони пойтахт ва боздид аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Конибодом ба сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ