image

Чорабинии консертӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунармандии ноҳияи Қубодиён дар ноҳияи Сино

date_range04.07.2023, 12:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

Дар Боғи фарҳангу фароғатии “Кӯли ҷавонон” - и шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, дар доираи ин тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то арафаи ҷашни бузурги миллӣ Истиқлоли давлатӣ молу маҳсулоти кишоварзону деҳқонони худро дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ба намоиш – фурӯш мегузоранд.

Дар намоиш - фурӯши мазкур масъулини ноҳияи Қубодиён молу маҳсулоти тозаи кишоварзони ноҳия, аз қабили картошву пиёз, сабзиву карам, тарбузу харбуз, гӯшт ва меваю сабзавотро бо нархҳои аз бозорҳои мамалакат нисбатан арзон ба фурӯш гузоштанд. Амалӣ намудани иқдомоти мазкур барои коҳиш додани сатҳи нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти хушсифати кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамзамон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Қубодиён намояндагони Ҳукумати мамлакат дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кишти заминҳо, сари вақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили он ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳо доданд.

Дар ин баробар масъулин аз дастовардҳои самтҳои гуногуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид кардаанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳунармандону сароягдагони бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"