Фаъолияти истироҳатгоҳи наздимактабӣ дар МТМУ №45
Бо инобати шуруъи мавсими тобистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе дар баробари фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ лагерҳои наздимактабӣ низ таъсис дода шудааст, ки кӯдакону наврасон дар онҳо ба фароғат фаро гирифта шудаанд.
Дар басти дуюми майдончаи солимгардонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 40 нафар таълимгиранда дар ду гуруҳ, гуруҳи Офтобак ва Зангӯла ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Истироҳаткунандагон ҳамарӯза ба машқи пагоҳирӯзӣ обу тоб додани бадан бо мураббияҳо машғул мегарданд. Тибқи иттилоъ истироҳаткунандагон ҳамарӯза ба шашкабозӣ, шоҳмот, оббозӣ, мутолиаи китоб, расмкашӣ инчунин ба омӯзиши дарсҳои русию англисӣ ҷалб мегарданд. Ҳамзамон ба маҳфили суруд ва мусиқӣ духтарон ҷалб гардида, ҳамарӯза бо мураббия ба машқу тамрин рақсҳои гуногун машғул мешаванд. Тибқи иттилоъ хонандагон аз синфи 1 то 5 ба истироҳату фароғат ҷалб гардида, барои онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Шашка ва шоҳмот яке аз бозиҳои писандидаи аксар писарон ба шумор меравад ва тавре мушоҳида намудем, истироҳаткунандагон ба хуби аз уҳдаи бози кардани шоҳмоту шашка мебароянд. Дар машғулияти забони англисӣ низ истироҳаткунандагон фаъол буда омӯзгор бо истифода аз тахтаи электронӣ ҳамарӯза машғулияти мазкурро дар сатҳи хуб мегузаронад. Чун дар гармои тобистон истироҳаткунандагон бештар ба оббозӣ ниёз доранд, дар майдончаи солимгардони низ барои истироҳаткунандагон барои оббозии хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба иттилои дастандаркорон истироҳаткунандагон дар ҳар баст як маротиба аз боғҳои фархангӣ-фароғатӣ ва осорхонаҳо дидан менамоянд.
Хотирасон менамоем, ки истироҳату фароғати насли наврас 12 рӯзро дар бар гирифта дар ин муддат онҳо бо ду вақт хӯроки серғизо таъмин карда мешавад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ