image

Имсол дар маҷмӯъ 5038 ихтисосманд Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуданд

date_range05.07.2023, 15:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Рӯзи 5 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пур аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу фаромӯшнашаванда буд. Зеро имрӯз донишгоҳро 338 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд. Ҳузури волидайн ва дигар наздикон дар ин чорабинӣ шукӯҳу тароват бахшид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ҳама хатмкунандагони муваффақро бо ин дастовард табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ояндаи зиндагӣ комёбиҳоро таманно кард. Таъкид карда шуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот ва раванди таълим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз муассисаҳои бонуфузи олии мамлакат ба шумор меравад ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, рӯз то рӯз имкониятҳо ҷиҳати илмомӯзӣ дар ин боргоҳи илм бо истифода аз озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои кампютерию лингафонӣ, беҳтар шудааст. Имсол дар маҷмӯъ 5038 ихтисосманд донишгоҳи миллиро хатм карданд. 3536 нафарро хатмкунандагони шӯъбаи рӯзона ташкил медиҳанд. 2056 нафар хатмкунандагони шӯъбаҳои ғоибонаву фосилавӣ мебошанд.

Имсол 224 хатмкунандаи риштаи магистратура низ соҳиби диплом шуданд. Ин ҷамъомад аз ду қисмат иборат буд.

Дар аввал маросими савгандёнамоии хатмкунандагони факултетҳои тиббиву фармасевтӣ сурат гирифт. Факултетҳои мазкур аллакай дар самти фаъолияти худ бо доштани пойгоҳҳои зиёд торафт нуфуз пайдо намуда истодаанд. Ҷиҳати хотирмон он буд, ки баъзе наваскароне, ки имсол донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда буданд, дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд. Ҳаминтар ба хатмкунандагони фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ диплом супорида шуд. Нафароне, имрӯз донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд дар оянда донишу малка ва касби азхудкардаи худро самаранок истифода бурда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"