image

Ҷаласаи ҳисоботии Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаш моҳи сипаригаштаи соли 2023

date_range05.07.2023, 15:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye391

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи ҳисоботии Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаш моҳи сипаригаштаи соли равон доир гардид, ки дар кори он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳисоботии Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеи шуъбаи моариф ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи ҳисоботӣ роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қайд намуданд, ки соли равон дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 389 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 189 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва 25 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки дар маҷмуъ 214 нафарро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки тибқи натиҷагириӣ аз олимпиадаи мазкур, дар байни 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҷойи 2 – юм қарор дорад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассисаи таълимӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 дар байни зиёда аз 4000 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ДИПЛОМ-и дараҷаи 1 ва МТМУ№ 12 бо ДИПЛОМИ дараҷаи 3 сарфароз гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 30 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, МД гимназияи ба номи А.Ғуломов, литсейи № 5 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин 5 литсей, муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти ибтидоии “Насли навовар”, муассисаи хусусии мактаб – кӯдакистони “КОНТОФИЛД”, Муассисаи таълимии мактаби хусусии “Академияи илмҳои замонавӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази кӯдакону наврасони ноҳия, МД “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” фаъолият доранд.

Дар поёни ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Шуъбаи маориф як қатор роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"