image

Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардид

date_range10.07.2023, 12:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Ҳафтаи дуюм аст, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Дар ин доира дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” чунин чорабинӣ аз ҷониби масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Симои Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон”-ро намоиши дастовардҳои фарҳангию кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов шукуҳу шаҳомати хоса бахшид. Аз ҷумла дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва зироати ғалладонагӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд.

Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, роҳбарияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ноҳияи Синои пойтахт ва ҳунармандон, сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар саҳни боғ бо намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бо санъати баланд оро дода шуда буд, шинос шуданд.

Ҳунармандон бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок намуда, истеъдод ва ҳунари худро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд. Ҳамчунин дастовардҳои варзишиву сайёҳӣ ва корхонаҳои саноатии ин ноҳия муаррифӣ карда шуданд.

Ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ изҳори сипос карда шуд.

Дар идома барномаи кансертӣ, иборат аз суруду таронаҳои дилнишин бо истифода аз санъати волои мусиқӣ ва рақсҳои мавзуни гулдухтарон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"