image

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия баргузор шуд

date_range10.07.2023, 14:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye272

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар заминаи фаъолияти худ тадбирҳои зиёди нақшавиро миёни сокинон дар шаҳраку маҳаллаҳо роҳандозӣ менамояд, ки яке аз онҳо ин ташкили ҳисоботдиҳии нозирони минтақавӣ ба аҳолии минтақаи хизматӣ мебошад. Тадбири навбатӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳр гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари аъзои шӯро, нозирони минтақавии милитсия ва фаъолони ҷамъиятӣ дар мулоқот ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум ва дар ин замина баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия изҳори назар намуданд.

Дар раванди баргузории чорабинӣ сардори минтақаи хизматии милитсияи №1 Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки рӯз то рӯз шароити кории нозирони минтақавии милитсия беҳтар гардида, онҳо бо шароити мусоиди корӣ, ҳуҷраҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштаанд.

Дар идома дигар нозирони минтақавии ин ин қисмати шаҳр ва фаъолони ҷамъиятӣ назарҳои хешро баён дошта, аз ҳамкориву робитаи қавӣ бо милитсия изҳори назар намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"