image

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум баргузор гардид

date_range13.07.2023, 15:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye320

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори он муҳимтарин масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум роҳбарияти ноҳия, муовини якум, муовинони Раис, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Сино, раисони Шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони нозиротҳои минтақавӣ «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳия ширкат намуданд.

Аз рӯйи рӯзномаи иҷлосия пас аз интихоби Котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ва комиссияи таҳририи иҷлосияи шонздаҳум нахуст вазъи таъмини иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Зимнан гуфта шуд, ки бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия тадбирҳо судманд амалӣ гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тадбирҳои нақшавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ноҳия, соҳибкорон ва сокинон роҳандозӣ шудааст.

Роҳбарияти ноҳия зимни баррасии масъала афзуд, ки масъулини дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани назорат дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, хизматрасониҳои коммуналии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чораҳои зарӯрӣ роҳандозӣ намуда, корҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Аз рӯйи рузномаи иҷлосия дар идома натиҷаҳои ҷамбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Сино дар 6 моҳи аввали соли 2023 баррасӣ гардид. Зимнан дар ин бора ҳисоботи масъулин пешниҳод гардид. Масъулини сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоии ноҳия, бахусус соҳаи маориф, тандурусти фарҳанг, кор бо занону оила, ҷавонону варзиш вар обита ба ҷомеаро таъмин намуда, инчунин ҷиҳати бартараф намудани норасогии омӯзгорони фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва аз байн бурдани норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати амалӣ намудани қабули маблағҳо тариқи ғайринақдӣ ва ба таври нақдӣ манъ намудани қабули пардохтҳои хизматрасониҳои музднок чораҳои зарурии амалиро роҳандозӣ намуда, аз натиҷаи он ҳар моҳ ахборот манзур намоянд.

Дар идома як зумра қарорҳои Раиси ноҳияи Сино аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"