Меҳмондориву дастархонороӣ фарҳанги пурғановати миллати тоҷик. Баргузории Озмуни дастархонороӣ дар ноҳияи Шоҳмансур
Анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва дигар пухту паз, ки аз қадим мардуми бофарҳанги тоҷик омода мекарданд аз ҷониби кадбонуҳои ноҳияи Шоҳмансур рӯи дастархон оварда шуданд. Ин бонувон бо мақсади иштирок дар даври ноҳиявии Озмуни «Дастархонороӣ» маҳорати дастархонороиву меҳмондории худро пешниҳод карданд.
Озмуни дастархонороӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни шаҳраку маҳаллаҳо баргузор шуд. Бештар бонувони ҳунарманди ноҳияи Шоҳмансур ба таомҳои миллӣ таваҷҷуҳ намуда, бо истифодаи он хони пурнозу неъматро омода намуданд. Роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳиявӣ ба ҳунари кадбонугии сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия баҳогузорӣ намуданд.
Ғолибони чорабинӣ муайян ва барои иштирок дар даври шаҳрии он аз ҷониби кумитаи тадоркуот пешбарӣ карда шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бошад, сипоснома тақдим карда шуд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ