image

“Таъсири хушунати хонаводагӣ ба инкишофи кӯдак” - мизи мудаввар дар Раёсати кор бо занон ва оила

date_range21.07.2023, 10:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye389

Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷуиҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” қабул гардидааст.

Дар ин доира аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе имрӯз мизи мудаввар дар мавзуи “Таъсири хушунати хонаводагӣ ба инкишофи кӯдак” бо иштироки мутахассисону коршиносон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносони кӯдакистонҳои пойтахт баргузор шуд.

Барномаи болозикр баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғаихорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, масъулияти мутоқобила дар масъалаҳои амволӣ, маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.