Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид
Дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид.
Дар кори Маҷлис роҳбарияти Корхона ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандон ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ ширкат варзиданд.
Дар Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” 4 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баррасии ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон”, интихоби Раис ва муовини Раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои кори маҷлис буд.
Дар раванди ҳамоиш масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба фаъолияти корӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дод. Зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ ва дастуру супоришҳои сохторҳои ҳизбӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб як қатор чорабиниҳои сиёсии тарғиботӣ ва ташвиқотиро баргузор намудааст.
Бо мақсади иҷрои нақшачорабиниҳои таҳиягардида дар ташкилоти ибтидоӣ 4 маротиба соатҳои сиёсӣ оид ба риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” инчунин мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи ин қонунҳо гузаронида шуд.
Дар идома намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, зикр дошт, ки Истиқлолу озодӣ неъмати бузург аст, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта насиби миллати тоҷик гардид. Меваи шаҳдбори Истиқлол имрӯз бо гузашти 32 - сол самари нек овард. Албатта, чунин рӯзҳои неку босаодат бо заҳматҳои хастагинопазири, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар идомаи кори маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикэронавигатсия” интихоб карда шуд.
Пас аз баррасии мавзӯҳои рӯзнома дар идомаи кори маҷлис ба як қатор кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва сипоснома супорида шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ