Баргузории даври ноҳиявии Озмуни дастархонороӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Меҳмондориву дастархонороӣ аз қадим ҷузъе аз фарҳанги пурғановати миллати тоҷик буд. Имрӯз он бо унсурҳои муосир амалӣ карда мешавад. Бо мақсади тақвияти фарҳанги миллӣ ва оростани хон дар арафаи ин ё он ҷашн ва тӯйю маросим дар кишвар озмуни дастархонороӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни шаҳраку маҳаллаҳо озмуни дастархонороӣ баргузор шуд. Ин тадбири маърифатию фарҳангӣ дар тарабхонаи Дидор баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз тамоми шаҳраку маҳалла ва минтақаҳои хизматрасонии фонди манзили ноҳия бонувони ҳунарманд ширкат намуда, маҳорати дастархонороиву меҳмондории худро ба намоиш гузоштанд. Бештар бонувони ҳунарманди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таомҳои миллӣ таваҷҷуҳ намуда, бо истифодаи он хони пурнозу неъматро омода намуданд. Намояндагон аз сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ба ҳунари кадбонугии сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт баҳогузорӣ намуданд. Бештар таваҷҷуҳ ба маҳсулоти дастии омодакардаи сокинон зоҳир карда шуд ва аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳо даъват шуд, ки бештар ба камхарҷ оростани хони худ таваҷҷуҳ намоянд.
Таомҳои миллии тоҷикӣ аз қабили қурутоб, шакароб, ширбиринҷ, оши палав, оши бурида, ошитуппа, ширкаду, далда, мантуву тушбера, нону кулча, ҳалво, фатир ва ғайра аз зумраи таомҳое буданд, ки зеби хони сокинони ин ноҳияро таъмин намуданд. Рушду тақвияти фарҳанги рӯзгордорӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, зебову камхарҷ оростани дастархон, ба ҷавонон омӯзонидани фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ аз ҳадафҳои асосии ташкили ин чорабинии маърифатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.
Аъзои ҳакамон баъди таҳилу баррасӣ ва баҳогузорӣ ба маҳорати катбонуҳо ғолибони чорабинӣ муайян ва барои иштирок дар даври шаҳрии он аз ҷониби кумитаи тадоркуот пешбарӣ карда мешаванд. Паҳлуи дигари муҳимми баргузории озмун дар он аст, ки ғолибони он дар асоси хулосаи комиссия барои кор дар тарабхонаҳо, ошхонаҳо ва тӯйхонаҳо тавсия дода мешаванд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ