image

Шаҳри Душанбе барои дар сатҳи зарурӣ мизбонӣ намудани ду чорабинии сатҳи баланд ҳамаҷониба омода мебошад

date_range14.09.2023, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Рӯзҳои 14 - 15 сентябр пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз чорабиниҳои сатҳи баланд мизбонӣ мекунад ва ҷиҳати инъикоси хуби ин ҳамоишҳо дар доираи корҳои омодагӣ тадбирҳои муҳим аллакай амалӣ гардидааст. Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар заминаи омодагии хуби кишвари мо дар сатҳи баланд ҷараён хоҳанд гирифт.

Барои инъикоси ин чорабиниҳои сатҳи баланд барои ВАО–и дохиливу хориҷӣ дар бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст, ки дар он то 400 нафар хабарнигор имкони омодаву пахши саривақтии гузоришу барномаҳоро аз рафти баргузории ин чорабиниҳо доранд.

Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи зиёд дошта, борҳо макони баргузории чунин нишастҳои сатҳи олӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории минбаъдаи амнияту субот мусоидат менамоянд.

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушд, таҳким ва тақвияти муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳо, таҳкими амнияту субот дар минтақа, тавсеаи робитаҳои бародаронаи мардумони Осиёи Марказӣ мусоидати зиёд хоҳад кард.

Ҳамзамон баҳри бозҳам бошукӯҳ ва хотирмон доир намудани ин чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахт тадбирҳои амалӣ руйи даст гирифта шудааст ва сохторҳои марбута кучаву хиёбонҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанберо бо насби шиору овезаҳо, парчамҳои кишварҳои иштирокдор оро додаанд, ки ин аз тинҷию оромии кишвари азизамон гувоҳи медиҳад. Меҳмонон низ зимни сайругаш аз гушаҳои гуногуни пойтахт руҳу илҳоми тоза мегиранд. Дар доираи баргузории ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахт корҳои зиёди омодагӣ рӯйи даст гирифта мешавад, то ки чунин сорабиниҳои сатҳи баланд ба таври мақбул гузаронида шавад. Зеро ин гуна тадбирҳо ҳамзамон барои муаррифии кишвар низ заминаи мусоид мегузорад.

Ҳаминтавр шаҳри Душанбе барои дар сатҳи зарурӣ мизбонӣ намудани ду чорабинии сатҳи баланд - Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамаҷониба омода мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
ТВ "Душанбе"