Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба хизмати ҳарбӣ
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаи ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1-уми октябр оғоз мегардад. Дар Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ, ки дар толори Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе доир гардид, масъалаи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа аз рафти назорати прокурорӣ дар мавсими баҳории соли 2023 оид ба ҷалби ғайриқонунии ҷавонон даъват ба хизмати ҳарбӣ мисолҳои мушаххас оварда шуд. Назорати прокурорӣ дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариятҳои ҳарбӣ оид ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон пурзӯр гардида, амалияи санҷишҳои нақшавӣ баҳри пешгирӣ кардан ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Тадбирҳои андешидаи прокуратураи ҳарбӣ, комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ваколатдор дар ин самт ба иҷрои талаботи қонун ва Фармони Президенти ҶТ мусоидат карда, ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдор бо комиссияҳои даъват беҳтар ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷоннок мегардад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ