image

ЭЪЛОНИ МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range19.10.2023, 17:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2023, №563 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» дар минтақаҳои зерин:-

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

-ноҳияи И.Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22-00 рӯзи 19 октябри соли 2023 то соати 08-00 рӯзи 20 октябри соли 2023 қатъ мегардад. 

Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.