image

«Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Таҳти ин унвон чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ доир шуд

date_range07.03.2024, 10:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Дар Муассисаи давлатии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти Рӯзи модар бо иштироки ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» доир гардид. Меҳмонону иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунару истеъдод ва лаёқати нотакрори занону бонувони ҳунарманд баҳои баланд доданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба модарон ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили рӯзи модаронро коршиносон нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Ба ифтихори рӯзи модар дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оили назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии зебои идона баргузор гардид.

Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст занону бонувонро ба фарорасии рӯзи модар табирик намуда, қайд кард, ки имрӯз зани тоҷик аъзои Ҳукумат, вакил, сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик, варзишгар буда, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият дорад. То ба ин сатҳ расидинаи мақому манзалити занро нотиқон ба таваҷҷуҳ ва дастгирииҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан роҳбарияи олии сиёсии кишвар рабт доданд. Зеро маҳз зери сиёсати муфаққонаи роҳбари давли дар замони соҳибистиқлолӣ майдони фарохе барои фаъолияти пурсамари занон дар тамоми бахшу соҳаҳо фароҳамоварда шудааст.

Дар сатҳи баланд таҷлил карди рузи модаро дарвоқе нишонаи муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар мебошад. Дар ҳақиқат, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва вазифаи ифтихории ҳар як инсони соҳибхирад аст. Дар тамоми давраҳои таърихии давладории милли қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва беҳамто мебошад, таъкид шуд дар ҳамоиш. Дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши занону духтарон бузург гаштааст.

Дар интиҳои ҷамъомади идона барномаи зебои идона зери номи “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” баргузор гардид.

Б. Холиқова
"ТВ Душанбе"