image

Ташкили ҳамоишҳои маърифатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо

date_range11.03.2024, 15:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Дар заминаи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар шаҳри Душанбе тадбирҳои омӯзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва машварату ҳамоишҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина бо ширкати сокинон ва масъулини сохторҳои ноҳиявӣ дар МТМУ №30 чорабинӣ баргузор шуд.

Соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Вобаста ба 30 солагии ин сана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд. Вобаста ба ин дар пойтахт Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Дар асоси нишондоди ин қарор дар толори МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти масъулини сохторҳои ноҳиявӣ бо сокинон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва дигар сохторҳои ноҳияи Фирдавсӣ ширкат намуда, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеа ва тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон андешаронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим дар самти тадбирҳои идеологӣ буда, он дар меҳвари фаъолияти сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ қарор дорад, ки як бахши он ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқоти навбатӣ ҳамзамон вобаста ба мавзӯҳои муҳими рӯз муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"