image

Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

date_range12.03.2024, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye575

Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми март, ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад ва ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунандаро ҳимоя менамояд. Ҳамзамон барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ низ қабул карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз онҳо ба пуррагӣ истифода намоянд. Ҳангоме, ки молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба мизоҷон бехатар пешниҳод мегардад, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон низ поймол намешавад.

Бо назардошти Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, баҳри баланд бардоштани маърифати истеъсолкунандагон, аз ҷониби намояндагони сохторҳои соҳавӣ, чорабиниҳои гуногуни маърифатию ҳуқуқӣ, аз қабили семинару машварат ва вохӯрӣ бо истеъмолкунандагон гузаронида мешавад. Чунин як вохӯрӣ дар бозори "Меҳргон" доир гардид.

Кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрӣ бо тоҷирон муқаррароти қонунгузорӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагонро хотиррасон намуданд. Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки ҳар нафари мо дар навбати худ истеъмолкунанда ҳастем. Тоҷироне, ки молу маҳсулотро ба таври яклухт харидорӣ карда, чакана мефурӯшанд ва ё харидоре, ки ҳар маҳсулотро мувофиқ ба талаботи рӯзгораш дар ҳаҷму андозаҳои гуногун харид мекунад, дар умум истеъмолкунанда мебошад.

Ҳамзамон дар идома аз ҷониби масъулини ин сохтори шаҳрӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо варақаҳои иттилоотӣ, ки зери навиштаҷоти “Истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро бояд чӣ тавр ҳимоя кунад”, “Мехоҳед маълумоти бештар дошта бошед” ва монанд ба инро тақсим намуданд. Ҳамзамон дар дохил ва атрофи бозор варақаҳои иттилоотӣ насб гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки истеъмолкунанда ба гирифтани чиптаи хазинадорӣ, донистани таркиби маҳсулот, муҳлати истифодабарии он, санаи истеҳсол ва ширкати истеҳсолкунанда ҳуқуқи комил дорад. Фурӯшанда дар навбати худ вазифадор аст, ки ҳангоми пешниҳоди молу маҳсулот талаботи қонунгузориро таъмин намояд. Чунин як мулоқоти судманд бо кормандону табибони Маркази саломатии шаҳрии №14 доир карда шуд.

Зимни мулоқот роҳбарити Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунандаро ҳимоя менамояд. Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон соҳаи бисёрҷабҳа буда, татбиқи босамари он аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои кишвар ва аҳолӣ муҳим арзёбӣ гардида, самти мазкур қариб ба ҳама сохторҳои давлатӣ алоқамандӣ дорад. Кормандои Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию воқифии истеъмолкунандагон аз қонунгузории соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо паҳн намудани рекламаҳои иҷтимоиву тақсим намудани буклетҳо чунин корҳои таблиғотиро доир намуданд.

Ҳамзамон дар идомаи мулоқоту вохӯриҳои судманд ин навбат роҳбарият ва кормандони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе бо кормандон ва ронандагони ККВД “Автобус 2” мулоқоти хешро доир намуданд. Дар вохӯри ҳозирин баромад намуда, бобати фаъолияти ин сохтори давлатӣ ба иштирокдорон маълумот доданд. Қайд шуд, ки Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб таҷлил карда мешавад. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба таҷлили санаи мазкур ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои тақвият бахшидани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои муштаракро роҳандозӣ намуда истодааст. Пешниҳод кардани чиптаи хазинадорӣ ба муштарӣ, ҳамлу нақли мусофирон ҳангоми фаъолияти кори дар хатсайрҳо яке аз муқаррароти қонунгузорӣ ва қоидаи савдову хизматрасонӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар назди Маркази савдои Садбарг низ лавҳаҳои иттилоотиро насб ва буклетҳоро ба сокинон тақсим намуданда, моҳият ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ба онҳо фаҳмониданд.

Имрӯз истеъмолкунанда дар хариди молу маҳсулоти хӯрокворӣ, полезӣ, сабзавоту меваҳо интихоби васеъ дорад. Маҳсулот вобаста ба сифат арзиши гуногун дорад. Мувофиқи талабот ва меъёрҳои муқарар гардида, барои таъмин шудани ҳуқуқи истеъмолкунанда, тоҷирон дар баробари пешниҳоди молу маҳсулоти баландсифат бояд муоширати хуб ҳам дошта бошанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"