image

Дар ДМТ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид

date_range14.03.2024, 10:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye373

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввал ва ё донишгоҳии ин озмун баргузор гардид.

Дар ДМТ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба кор шуруъ кард. Озмуни мазкур бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Донишгоҳ оғоз ёфт. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Эмомалӣ Насриддинзода ба иштирокчиён барору муваффақият орзу намуда, хотиррасон кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2023 бо 11 ҷойи ифтихорӣ ва шоҳҷоиза сарфароз гардид. Умедвориҳо аз ин озмун дар соли шашуми баргузориаш зиёд аст. Ҳафиз Раҳмон – адабиётшиноси тоҷик гуфт, инкишофи инсон аз китобу китобхонӣ шуруъ мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тули панҷ соли баргузории худ бо ба ҳам овардани ақлҳо ба маркази захираи кадрҳо табдил ёфтааст.

Бо хондани китоб инсон худро сифатан нав ва қобилияти андешарониро беҳтар мекунад. Бо дарки ин мафҳум ҳамасола теъдоди иштирокчиёни озмун зиёд мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иродаи инсонро мустаҳкам мекунад ва ҳамин иродаи устувор касро ба мақсад мерасонад.

Дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандагони литсеи донишгоҳ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштирок доранд. Ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид. Зиёд гардидани шумораи Шоҳҷоиза бо назардошти хусусияти синну солии кӯдакону наврасон мебошад, зеро чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насрӣ аз рӯи чор номинатсия барои онҳо каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"