image

Дар ДМТ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон ҳамоиш доир гардид

date_range15.03.2024, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye302

Дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ роҳандозӣ гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз шуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.

Инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд.

Дар идомаи ҳамоиш ширкатдорон дар мавзуҳои “Шарҳу тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ”, “Баҳамалоқамандии таъмини амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсия: масъалаҳои умумӣ ва хос” ва “Нақши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар рушди маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ” суханронӣ намуданд.

Дар зимн аз кормандону омӯзгорони Донишгоҳ даъват шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва бандҳои нақша-чорабиниҳо баҳри амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корро бо мақомот ҷоннок намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"