image

Дар Академияи идоракунии давлатӣ мизи мудаввар доир гардид

date_range12.04.2024, 15:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ ва Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки ҳайати васеи профессорон, номзадони илм, устодон ва донишҷӯён доир гардид.

Баҳрулло Файзализода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзӯи “Меъёрҳои ҳуқуқии ҳифзи иттилоот ва низоми ҳукумати электронӣ” баромад карда, иброз дошт, ки гузариш ба ҳукумати электронӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳои асосии ташкили давлати муосир мебошад. Ҳукумати электронӣ низоми электронишудаи хизматрасониҳои давлатиест, ки бо мақсади таъмини шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, сарфаи буҷаи давлатӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни шаҳрвандон ва давлат ба роҳ монда шуда, монеаҳои молиявӣ, физикӣ вақтию маконии ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам шахсони воқеиро нисбатан кам мекунад.

Силмон Мавлонназаров, сарходими илмии Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва равобити ҷаҳонишавӣ дар мавзӯи “Рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза карда, иброз дошт, ки ҳукумати электронӣ барномаи кутоҳ ва маҳдуд набуда, тағйри идоракунии давлатӣ, ҷиҳати марказонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон мебошад. Равандаи татбиқи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омили ҳам субъективӣ ва ҳам объективӣ рабти қавӣ дорад. Гуфта шуд, ки иқтисоди рақамӣ тақозои замон буда, он ҷиҳати таъмини коммуникатсия, табодули ғоя ва таҷриба имконият медиҳад. Иқтисоди рақамӣ ба рушди моделҳои нави тиҷорат, эҷоди инноватсия, сармоягузорӣ, пайдо кардани кадрҳо, шарикҳои стратегӣ, ёфтани захираҳо ва бозори фурӯш мусоидат менамояд.

Ҷиҳати фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон мебошад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки модели муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ва сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад, истеҳсолоти мавҷуда тағйир ва истеҳсолоти инноватсионӣ ба вуҷуд ояд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"