image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои пойтахт оғоз гардид

date_range16.04.2024, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye347

Бо омодагии ҳамаҷониба ва маҳорати воло дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» довталабон аз ноҳияи Фирдавсӣ ширкат ва маҳорати худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд. Ширкатдорони даври ноҳиявӣ барои ғолибиёят ва иштирок дар давраҳои минбаъади озмуни мазкур маҳорати худро аз рӯйи номинатсияҳои дар озмун муайянгардида пешниҳод намуданд. Ҷойи таъкид аст, ки тартиби баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид ва дар асоси он ин озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд. Доварони соҳибтаҷриба аз муассисаҳои соҳавӣ ба маҳорати ҳар як ширкатдорони озмун баҳогузорӣ менамуданд. Бояд гуфт, ки соли шашум аст, ки озмун дар кишвар баргузор мегардад ва дӯстдорони санъату мусиқиро ба ҳам меорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур дар нохияи Фирдавсӣ 101 нафар довталаб аз рӯи санъати оҳангсозӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ ва дизайн рассомӣ, ки соли дуюм аст дар ин озмун илова гардидааст маҳорати худро пешкаши ҳайати хакамон менамуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Дар воқеъ, таъсису баргузории озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба санъаткорони касбиву ҳунармандони мардумӣ ва ҳаваскорони наврас такони ҷиддие бахшида, шавқу таваҷҷуҳи ҷомеаро ба фарҳанг, санъати касбии мусиқӣ ва олами илму маънавиёт даҳчанд зиёд намуд.

Боиси қайд аст, ки Озмунҳои “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм- фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифатнокии ҷомеа, ба вижа наврасону ҷавонон, бедории миллӣ ва тарбияи ватандӯстиву ҳисси арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва рушди илм роҳандозӣ гардида, ҳамчунин омили дарёфти истеъдодҳои нодир арзёбӣ мегардад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"