image

Дар Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи кории намояндагони сохторҳои қудратии кишвар доир гардид

date_range17.04.2024, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye201

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи кории намояндагони сохторҳои қудратии кишвар баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбарияту намояндагони сохторҳои ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони касбу кори гуногун, имомхатибон ва роҳбарони муассисаҳои таълими иштирок карданд.

Дар ҷаласаи мазкур дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба худшиносии миллӣ, боло бурдани арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи дурусти ноболиғону ҷавонон, пешгирии хурофоту зиёдаравӣ ва амсоли инҳо ки ҳадафи асосии ҳамоиш ҳам ҳамин буд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре зимни суханронии намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз шуд, имрӯзҳо хатару таҳдидҳои замони муосир моро водор месозад, ки ҳушёр бошем ва хатару таҳдидҳои ба амнияти мо халал эҷодкунандаро пешгирӣ намоем.

Дар идома аз шомилшавии шаҳрвандон хоса ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ сухан рафт. Дар идома аз ҳозирин даъват шуд, ки қонуну қарорҳои амалкунандаро риоя карда дар пешбурди ҷомеаи орому осуда ва фазои сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"