image

Эълон!!!

date_range25.04.2024, 11:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye158

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба диққати сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани ноқилҳои зеризаминии баландшиддати барқӣ аз 26 апрели соли 2024 то анҷоми корҳои таъмирӣ, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз буриши кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур – М.Турсунзода то буриши кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур - А.Лоҳутӣ ва кӯчаҳои А.Лоҳутӣ – Пулодӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои гузошташударо риоя намуда, аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.